ИЛМ

ИЛМ

Мирзораҳимов Акобир Каримович, 3 апрели соли 1963 дар ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) таваллуд шудааст. Соли 1980 мактаби  миёнаи №11-и  ба номи А.С. Пушкинро хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба шӯъбаи рӯзонаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1985 хатм намудааст.

Соли 1985 ба аспирантураи АИ ҶТ бо ихтисоси биохимия ва физиологияи растаниҳо дохил шуда, баъди хатми он ба ҳайси ходими хурди илмии гурӯҳи илмии кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология  кор кардааст. Сипас дар вазифаи ходими илмии лабораторияи «Ферментология»-и ҳамин кафедра ва баъдан ба ҳайси ходими калони илмии лабораторияи мазкур фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Соли 1992 рисолаи номзадӣ ва соли 2012 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Аз моҳи августи соли 1994 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи муовини декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим кор кардааст.

Солҳои 1995 то 2009   аввал  иҷрокунандаи вазифаи дотсент, баъдан ба тариқи озмун дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология  интихоб шуда, фаъолияти меҳнатӣ кардааст. Аз соли 2008 то 2009 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, кор кардааст. Соли 2009 декани факултети биологияи ҳамин донишгоҳ таъин  шуда,  то соли 2015 фаъолияти  меҳнатӣ кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015  ба вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2016 ба вазифаи  директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳои  АИ ҶТ  таъин шуда, то моҳи феврали соли 2019 адои вазифа кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2019 то апрели соли 2019 профессори кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2019 бо фармони Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ оид ба илм таъин гардида, то имрӯз фаъолияти меҳнатӣ карда истодааст.