Магистратура

ИЛМ





ТАЪСИСЁБИИ БАХШИ МАГИСТРАТУРАИ ДОНИШГОҲИ 

ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ

 САДРИДДИН АЙНӢ

Бахши магистратура фаъолияти корҳои худро дар асоси низомномаҳои тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст, ки ин «Низомнома оид ба таҷрибаомӯзӣ дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Низомнома дар бораи рисолаи магистрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Низомномаи ташкили раванди таълим дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Низомномаи намунавии шуъба (бахш)-и магистратура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Низомнома оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,   қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.09.2017, № 14/13, фармоиш аз 03.10.2017, №4424. Мебошад.

Магистратура зинаи мустақили Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, мақсади таъсиси он, таъмини соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ваа кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба стандарти байналхалқии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад. Шуъбаи магистратура 5-уми июли соли 2000-ум бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили донишҳо ва андухтани таҷрибаи бештар таъсис ёфт ва ҳоло аз рӯи 21 ихтисос мутахассисонро омода мекунад.

 

Рамзи ихтисос

Ихтисос

1

1-010201

Таҳсилоти ибтидоӣ

2

1-030403

Равоншиносии амалӣ

3

1-020101

Таърих (ватанӣ ва умумӣ)

4

1-020301

Забон ва адабиёти тоҷик

5

1-020306

Забони хориҷӣ (забони англисӣ)

6

1-210502-08

забони хориҷӣ (забони олмонӣ)

7

1-210502-02

Забони хориҷӣ (забони франсавӣ)

8

1-020502

Физика

9

1-020501

Математика

10

1-020601

Технология

11

1-020304

Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ

12

1-210501-06

Забон ва адабиёти ӯзбек

13

1-260101

Менеҷменти соҳаи маориф

14

1-020401

Биология

15

1-020402

География

16

1-020403

Химия

17

1-020505

Информатика

18

1-210201

Фалсафа

19

1-030304

Логопедия

20

1-030304

Олигофренопедагогика

21

1-030302

Сурдопедагогика

 

Магистратура чун зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ, ба Раёсати илм такя менамояд. Дар ин тулии фаъолияташ магистратура шогирдони зиёдро ба воя расонидааст. Дар зинаи магистратура шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон, Туркманистон, Туркия, Озорбойҷон ва дигар таҳсил менамоянд. Бахши магистратура, то ин дам шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст, ки феълан дар донишгоҳ ва дигар муасиссаҳои таълимӣ, инчунин дар корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон ҳоло магистрони тамоми факултетҳои донишгоҳ, ки шумораи умумиашон 203 нафарро ташкил медиҳад, бо сарбаландӣ таҳсил доранд ва дар як қатор чорабиниҳои Донишгоҳ, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Шакли таҳсил дар зинаи магистратура рӯзона буда, он дар низоми буҷавӣ ва шартномавӣ ҷараён мегирад. Муҳлати таҳсил барои магистрон 2-сол муқаррар шудааст.

Хатмкунандагони ин зина дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгор, тарҷумон, иқтисодчӣ ва ғайра кору фаъолият мекунанд. Ба магистроне, ки раванди таълимиро бо баҳои хубу аъло ё аъло аз худ менамоянд бо спитендияи давлатӣ қадр дони мекунанд.

Дар зинаи магистратура олимони дохил ва берун аз донишгоҳ дарс медиҳанд, инчунин бо таҷриба, унвондор ва собиқаи баланди омӯзгорӣ мебошанд.

Раёсати Донишгоҳ бо Донишгоҳҳои Федератсияи Россия шартномаи дутарафа дорад. Магистрон тибқи озмун ва имтиҳони қабул дар хориҷӣ кишвар тариқи ройгон бо гирифтани стипендия таҳсил менамоянд.

Мудирияти бахшро бонувони бо таҷриба Латипова Мавлуда, Мадатзода Манзура ва айни ҳол Ахиева Саодат ба душ доштанд. Аз соли 2013 то соли 2018, 153-нафар зинаи магистратураро бо дипломи аъло хатм намуданд. Бо иштироки магистрони курси 1-ум ва 2-юм ду маротиба мизи мудаввар гузаронида шуд, ки дар он Ректори Донишгоҳ ва муовини ректор оид ба корҳои таълим Қосимов С. иштирок варзиданд. Рӯзи 3.03.2018 бахшида ба «Самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки тибқи барнома 4 –нафар магистрони курси 2-юм Юлдошева Зарина, Шаҳлои Шариф, Қаландарзода Шукрона, Мухторов Парвиз бо маърӯзаҳои диққат ҷалбкунанда баромад намуданд. Инчунин санаи 15.03.2018 мизи мудаввари олимони ҷавон бахшида ба мавзӯи «Ҷашни Наврӯз ва 2018 соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд, ки дар он Султонова Манижа, Хоҷаева Ҳилола, Саъдоншоева Азима, Мадудова Раҷаббӣ, Холов Ёқуб, Сулаймонов Муҳаммад, Гулмадова Сарвиноз, Холов Фаридун, Раҷабова Гулбаҳор, Сайфҳусейнов Шариф ва Набиев Некрӯз бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

2.1.    Вазифаи асосии шуъбаи магистратура:

- роҳнамоии барномаҳои магистрӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии мутахассисон, такмили сифатҳои кори онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои нави меҳнатӣ;

- ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, ташкилӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ҷиҳати таъмини ягонагии низоми талабот ба ташкил, шартҳои татбиқ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои тайёр кардани магистрантон;

- банақшагирӣ ва ташкили раванди таълими магистрантон;

- ташкил ва баҳисобгирии ҳаракати ҳайати магистрантон.

2.2 Мутобиқи вазифаҳо шуъбаи магистратура корҳои зеринро анҷом медиҳад:

- дар муассиса фаъолияти таълимии магистрантонро мутобиқ ба Стандартҳои давлатии таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нақшаҳои таълимии самти магистратура, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки Ҳукуамти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шӯрои олимони муассиса   муқаррар кардааст, ташкил мекунад;

-    оид ба такмили раванди таълим ва корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрантон пешниҳод таҳия намуда, ба баррасии шӯрои олимони муассиса манзур месозад;

- ташкил ва баргузории машғулиятҳои таълимии магистрантон, қабули санҷиш ва имтиҳоноти онҳоро назорат мебарад;

-   тибқи дархости мақомоти идораи муассиса оид ба фаъолияти магистратура маълумотнома таҳия ва пешниҳод мекунад;

- саривақт ба мудирони кафедраҳо дар бораи қарорҳои мақомоти болоӣ оид ба масъалаҳои амалигардонии барномаҳои магистрӣ   маълумот медиҳад;

- назоратро аз болои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва малакаандӯзии магистрантон ба роҳ мемонад;

- корҳои ташкилӣ-методиро ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҷорӣ ва хатми магистрантон амалӣ месозад;

- манбаи маълумот оид ба магистрантонро ташкил ва саривақт нав месозад, баҳисобгирии ҳаракати ҳайати магистрантонро пеш мебарад;

- якҷоя бо дигар сохторҳои муассиса дар мураттабсозии ҳисоботҳои даврӣ ва якдафъина оид ба кори магистратура ҷиҳати ба мақомоти болоӣ, мақомоти омор ва дигар ташкилоту муассисаҳо ширкат меварзад;

- назоратро аз болои таъмини ҳифзи иҷтимоии магистрантон ба роҳ мемонад;

- дар кори иҷозаномагирӣ барои самтҳои нави тайёр кардани магистрантон иштирок менамояд;

- дар ташкил ва баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ (эҷодӣ)-и магистрантон иштирок менамояд;

- ҳуҷҷатгузории шуъбаро пеш мебарад;

- интихоби хатмкунандагон ва натиҷаҳои қабул ба магистратураро арзёбӣ ва таҳлил мекунад;

- банақшагирии раванди таълимро дар асоси нақшаҳои таълимии дар муассиса таҳия ва тасдиқшуда амалӣ месозад, аз болои пешрафти магистрантон назорат мебарад;

- ведомостҳо, варақаҳои имтиҳонӣ ҷиҳати такроран супоридани санҷишу имтиҳонот, ҷадвали ҳимояи корҳои тахассусии хатм, инчунин, ҳуҷҷатҳои барои кори рузмарра заруриро омода месозад;

- дар ташаккули рейтинги магистрантон тибқи қоидаҳои дар муассиса тасдиқшуда, аз он ҷумла, бо истифодаи низоми кредитии фанҳои нақшаҳои таълимӣ иштирок менамояд;

- ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти магистрантонро ба расмият медарорад;

- лоиҳаҳои локалии санадҳоро аз рӯи самтҳои фаъолияти худ омода месозад.

4.2. Сардори шуъба вазифаҳои зеринро амалӣ месозад:

-          ба фаъолияти шуъба роҳбарӣ мекунад, ташкили кори он, иҷрои вазифа ва масъулиятҳои онро, ки Низомномаи мазкур муайян кардааст, инчунин, иҷрои амру фармоиш ва супоришҳои роҳбарият, қарорҳои муассисаро таъмин месозад;

-          оид ба такмили фаъолияти шуъба, баланд бардоштани самаранокии кори он ба муовини ректор оид ба илм пешниҳодҳо манзур мекунад;

-          роҳбарии бевосита ва назорати фаъолияти шуъбаро амалӣ мекунад;

-          лоиҳаи санадҳои меъёриву методии марбут ба ташкили фаъолияти шуъбаро таҳия месозад;

-          якҷоя бо раёсати таълимӣ-методии муассиса такмили ихтисоси кормандони шуъбаро ташкил мекунад;

-          бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҷиҳати фиристонидани кормандон ба семинарҳо ва чорабиниҳои дигари ба масъалаҳои фаъолияти магистратура дахлдор ташаббус нишон медиҳад;

-          ба риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ аз ҷониби кормандон назорат мебарад.

Сардори шуъба ҳуқуқ дорад:

-          аз кормандони шуъба иҷрои пурра ва босифати уҳдадориҳои дар дастурамали вазифавӣ муайяншударо талаб намояд;

-          аз кормандони шуъба риояи муқаррароти оинномаи муассиса, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ , иҷрои амру фармоишҳои ректори муассисаро талаб кунад;

-          аз роҳбарони сохторҳои дигари муассиса мавод ва иттилооти барои иҷрои вазифа ва пешбурди фаъолияти муассиса заруриро дархост ва дарёфт кунад.

Сардори шуъба масъулияти шахсӣ дорад:

- барои иҷро накадани вазифа ва уҳдадориҳои ба уҳдаи шуъба дар низомномаи мазкур, амру фармоиш ва супоришҳои роҳбарият, қарорҳои шӯрои олимони муассиса вогузоршуда;

- барои самаранок набудани кори шуъба.

     ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА РИСОЛАИ МАГИСТРӢ 

2.1. Тайёр кардани рисолаи магистриро магистрант бояд дар тамоми давраи таҳсил дар магистратура мустақилона ва зери   назари роҳбари илмӣ ба амал барорад. Рисолаи магистрӣ бояд дорои навгонӣ дар он ҳаҷме бошад, ки барномаҳои магистратура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

2.2. Рисолаи магистрӣ самти тахассусӣ дошта, қобилияти муаллифро ба таҳқиқоти мустақилона дар заминаи донишҳои назариявӣ, малакаи амалӣ ва методҳое, ки дар худ маҷмӯи натиҷаҳои барои дифоъ пешниҳоднамудаи муаллифро дар бар мегиранд, нишон медиҳад.

Барои тайёр кардани рисолаи магистрӣ маводи корҳои илмию таҳқиқотӣ, маърӯзаҳо дар конференсияҳои илмӣ, ҳамчунин маводе, ки дар давраи гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ (омӯзгорӣ), истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ҷамъоварӣ гардидаанд, мумкин аст, истифода бурда шавад.

2.3. Рисолаи магистрӣ бояд:

- сатҳи тахассуси илмии магистрант ва қобилияти мустақилона бурдани корҳои ҷустуҷӯии илмӣ ва ҳалли масъалаҳои мушахасси илмиро нишон диҳад;

- хусусияти эҷодӣ дар истифодаи маводи умуминазариявӣ, маълумотҳои нодири оморӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дошта бошад;

- бо дарназардошти барномаи магистрӣ самти амалӣ дошта бошад;

- ба талаботи баёни мантиқӣ ва дақиқии мавод, исботшавандагӣ ва боэътимодии рақамҳо, ифодаи пайдарҳами маълумот ва ягонагии дохилӣ ҷавобгӯ бошад;

- маҳорати магистрантро ҷиҳати истифодаи усулҳои оқилонаи ҷустуҷӯ, интихоб, коркард ва ба низом даровардани иттилоот, қобилияти кор кардан бо санадҳои заруриро инъикос намояд;

- рӯзмарра будани мавзӯи интихобшуда, аҳамияти назариявию амалӣ ва сатҳи таҳқиқи онро инъикос намояд;

- дорои маҷмӯи мавод ва хулосаҳои бо далелҳо асоснокшуда бошад;

- мувофиқи талаботе, ки нисбати корҳои ба нашр тавсияшуда пешниҳод карда мешавад, дуруст тартиб дода шуда бошад (сохтори дақиқ, ҷамъбасти   мантиқӣ, дуруст тартиб додани иқтибосҳо ва библиография, рӯйхати адабиёт, бо сифат иҷро кардан ва ғ.).

2.4.Магистрант барои боэтимод будани маълумоте, ки дар рисолаи магистрӣ оварда шудааст, масъул мебошад. Ӯ вазифадор аст, ки муаллифон ва манбаъҳои мавод ва натиҷаҳои алоҳидаи истифодашударо дар иқтибосҳо нишон диҳад.

2.5. Ҳаҷми рисолаи магистриро хусусиятҳои фан, мақсаду методҳои таҳқиқот муайян менамояд ва он бидуни замимаҳо бояд барои ихтисосҳои гуманитарӣ на камтар аз 80 ва на зиёда аз 100 саҳифа ва барои ихтисосҳои техникӣ, табиию риёзӣ на камтар аз 60 ва на зиёда аз 80 саҳифа бошад.

РОҲБАРИИ ИЛМИИ РИСОЛАИ МАГИСТРӢ 

4.1. Роҳбари илмӣ роҳбарии раванди тайёр кардани рисолаи магистриро ба амал мебарорад:

- дар интихоби мавзӯи рисолаи магистрӣ ва тибқи талабот номгузорӣ кардани он ёрӣ мерасонад;

- якҷоя бо магистр мақсаду вазифаҳои рисолаи магистрӣ, сохтор, асоси методологӣ, заминаҳои меъёрӣ, назариявӣ ва таҷрибавии таҳқиқотро маълум менамояд;

- доир ба масъалаҳое, ки бо мазмун ва раванди тайёр кардани рисола алоқаманд мебошанд, ба магистр маслиҳат медиҳад;

- раванди тайёр кардани рисола аз ҷониби магистрро назорат мекунад;

- рисолаи тайёршударо таҳлил мекунад, дар ҳолатҳои зарурӣ барои бартараф кардани камбудиҳо тавсияҳо медиҳад ва муҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд;

- дар ҳолатҳои зарурӣ саривақт ба корманди масъул доир ба магистратура ва мудири кафедраи тахассусӣ дар бораи дер мондани магистр аз муҳлати   тайёр кардани рисола тибқи ҷадвал маълумот медиҳад;

- дар бораи имконияти иҷозат додани рисолаи магистрӣ ба ҳимоя хулоса медиҳад. Дар баробари ин роҳбари илмӣ роҳбари таҷрибаомӯзии пешаздипломии магистр мебошад.

4.2. Роҳбари илмӣ ба таври ҳатмӣ, аз ҷумла бо истифода аз низоме, ки барои тафтиши матнҳо ҷиҳати истифодаи маводу манбаъҳои бегона пешбинӣ шудаст, баҳогузории мустақилияти навиштани рисолаи магистриро ба амал меоварад. Тибқи тартиби истифодаи мавод ва манбаъҳои бегона бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ маълумотнома дар бораи тафтиши рисолаи магистрӣ ҷиҳати истифодаи маводу манбаъҳои бегона тартиб дода мешавад (Замимаи 5). Ҳиссаи матни нав дар рисолаи магистрӣ бояд на камтар аз 65% бошад. Дар сурати набудани маълумотнома дар бораи тафтиши рисолаи магистрӣ ҷиҳати ҳиссаи истифодаи маводу манбаъҳои бегона бе иқтибосоварӣ аз онҳо рисола ба ҳимоя роҳ дода намешавад.

4.3. Баъди аз ҷониби магистрантон ба анҷом расонидани рисолаи магистрӣ роҳбари он дар як нусха тақризи хаттӣ дар бораи рисола пешниҳод менамояд (Замимаи 3).

4.4. Роҳбари илмӣ бояд дар тақриз рӯзмарра будани мавзӯи интихобшуда, сатҳи расидан ба мақсади дар рисола гузошташуда, пуррагӣ ва боэътимодии мавод, ҷой доштани навгонӣ, аҳамияти назариявию амалӣ, сифати тартиб додан, камбудиҳо, натиҷаи тафтиши рисола ҷиҳати ҳаҷми истифодаи мавод ва манбаъҳои бегона, инчунин тавсия дар бораи иҷозат додани он ба ҳимояро дарҷ намояд. Тақриз набояд дар шакли қолаб ва андешаҳои умумӣ навишта шавад. Ба ҳар рисолаи магистрӣ бояд дар алоҳидагӣ тақризе навишта шавад, ки такрори тақризи рисолаҳои дигар набошад.

4.5. Дар сурати риоя накардани талаботе, ки нисбат ба рисолаҳои магистрӣ пешниҳод карда шудааст ва дар ҳолати муайян кардани он, ки фоизи маводи нав аз ҳаҷми муқарраршуда кам аст (яъне, агар таҳлили натиҷаҳои тафтиши кор мустақилияти иҷрои кори магистрантонро тасдиқ накунад), роҳбари илмӣ бояд кори магистрантро баргардонад ва самтҳои такмил додани онро нишон диҳад.

4.6. Дар сурати бартараф нашудани камбудиҳои ошкоргардида ва боло набурдани сатҳи навгонии рисолаи магистрӣ, роҳбари илмӣ дар тақриз ин ҳолатро дарҷ менамояд. Тибқи тартиби ҳаҷми истифодаи мавод ва манбаъҳои бегона, агар дар матни кор истифодаи маводи бегона бе нишон додани муаллиф ё манбаи истифодашуда зиёдтар аз фоизи муқарраршуда бошад, рисолаи магистрӣ шоистаи баҳои “аъло” шуда наметавонад.

4.7. Дар ҳолати   тақризи манфии роҳбари илмӣ масъалаи иҷозат додани рисолаи магистрӣ ба ҳимоя дар ҷаласаи кафедра бо иштироки роҳбари илмӣ ва магистр баррасӣ карда мешавад. Дар ҷаласаи кафедра далелҳои роҳбари илмӣ ва магистрант ба инобат гирифта шуда, метавонад яке аз қарорҳои зерин қабул карда шавад:

- магистрант ба ҳимояи рисолаи магистрӣ роҳ дода шавад;

- магистрант ба ҳимояи рисолаи магистрӣ роҳ дода нашавад ва ба ӯ имконият дода шавад, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, рисолаи магистрӣ барои тафтиши такрорӣ ба роҳбари илмӣ пешниҳод карда шавад.

- магистрант ба ҳимояи рисолаи магистрӣ роҳ дода нашавад ва ба ӯ имконият дода шавад, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, барои тафтиши такрорӣ ба яке аз омӯзгорони ба ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи тахассусӣ шомилбуда фиристода шавад.

4.8. Нусха аз суратҷаласаи кафедра доир ба ин масъала ба деканат ва раёсати илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фиристода мешавад. Корманди масъул доир ба магистратура муҳлати супоридани рисолаи магистриро аз ҷониби ҳар як магистрант ба деканат ва раёсати илм огоҳ ва маълум менамояд.

4.9. Қарор дар бораи ба ҳимоя роҳ надодани рисолаи магистрӣ магистрантонро аз ҳуқуқи супоридани   имтиҳонҳои давлатӣ маҳрум намекунад.

4.10. Шумораи рисолаҳои магистрӣ, ки таҳти роҳбарии як омӯзгор иҷро мегарданд, ба тариқи зайл муайян карда мешавад:

-        номзади илм, ассистент то 2 нафар;

-        номзади илм, саромӯзгор то 3 нафар;

-        номзади илм, дотсент то 3 нафар;

-        доктори илм, ассистент то 3 нафар;

-        доктори илм, саромӯзгор то 3 нафар;

-        доктори илм, дотсент то 4 нафар;

-        доктори илм, профессор то 4 нафар.

-        мудири кафедра, профессор то 3 нафар;

-        мудири кафедра, дотсент то 2 нафар;

-        доктор аз рӯи ихтисос (PhD) аз рӯи меъёрҳои номзади илм.

4.11. Ба омӯзгор барои роҳбарӣ ба ҳар як рисолаи магистрӣ дар як соли таҳсил тибқи низомномаҳои дахлдори роҳбарӣ ба корҳои илмӣ ва тақсимоти сарбории ҳайати профессорону омӯзгорон соатҳои муайян ҷудо карда мешаванд. 

ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ 

2.1. Мӯҳлати меъёрии таҳсил аз рӯи барномаи магистрӣ 2 сол буда, таҳсил дар магистратура аз 1 сентябр оғоз меёбад. Манбаҳои меъёрӣ барои ташкили раванди таълим дар зинаи магистратура инҳо мебошанд:

          - нақшаи таълимии ихтисоси зинаи магистратура, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон          тасдиқшудааст;

          - ҷадвали солонаи раванди таълим;

          - нақшаи инфиродии кори магистрант, ки дар ду нусха таҳия карда шуда, як нусха аз ҷониби магистрант ва нусхаи дуюм дар кафедраи тахассусӣ нигоҳ дошта мешавад.

          2.2. Дар зинаи магистратура шаклҳои зерини машғулиятҳо гузаронида мешаванд:

          - лексияҳои гуруҳӣ аз рӯйи фанҳое, ки барои гурӯҳи ихтисосҳо пешбинӣ гардидаанд;

          - лексияҳои фаннӣ, ки барои як ихтисос пешбинӣ шудаанд;

          - машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ, озмоишгоҳӣ (лабораторӣ) дар ҳайати гурӯҳ (зергурӯҳ);

          - корҳои мустақилонаи магистрант таҳти назорати роҳбари илмӣ ва бо машварати устоди дахлдор, инчунин кори мустақилонаи магистрант.

Машғулиятҳо вобаста ба фанҳои умумӣ барои ҳамаи магистрантҳо дар мувофиқа бо омӯзгори лексионӣ дар толорҳо тариқи муттаҳид намудани гурӯҳҳо гузаронида мешавад. Машғулиятҳои мустақилона бо магистрантҳои алоҳида дар кафедраҳо сурат мегиранд.

          2. 3. Таълими фанҳо, ки ба фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ тақсим мешаванд, барои 1 кредит (24 соат) дар шакли 6 соати машғулияти назариявии аудиторӣ, 6 соати корҳои мустақилонаи магистрант бо роҳбарии омӯзгор ва 12 соати корҳои мустақилонаи магистрант ба роҳ монда мешавад. Теъдоди умумии фанҳои таълимӣ барои ҳар як даври академӣ то 6 фан муқаррар карда мешавад.

          2.4. Сарбории ниҳоии аудитории магистр дар як ҳафта 14 соатро ташкил медиҳад. Барои назорати иҷрои он аттестатсияи ҷорӣ аз рӯйи ҳамаи фанҳо дар шакли имтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ,тест ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Дар раванди таълим (дар ҳафтаҳои таълими назариявӣ), инчунин, корҳои илмӣ-тахқиқотӣ, илмӣ-озмоишӣ, таҳияи рисолаи магистрӣ, таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогии магистр сурат мегиранд.

          2.5. Таҳсил дар зинаи магистратура дар асоси нақшаи инфиродии кори магистрант, ки дар асоси нақшаи таълимии барномаи магистрӣ таҳия гардидааст, ба роҳ монда мешавад. Нақшаи инфиродии кори магистрант дар якҷоягӣ бо роҳбари илмӣ мутобиқ ба шакли тасдиқшуда тартиб дода мешавад (Замимаи 1).

Нақшаи инфиродии кори магистрант (асл) дар кафедраи тахассусӣ ва аз ҷониби магистрант (нусха) нигоҳ дошта мешавад. Нақшаи инфиродӣ муҳтаво ва дараҷаи тайёрии магистрантро бо дарназардошти тахассуси касбӣ ва илмӣ муайян мекунад. Қисми таълимии нақшаи инфиродӣ (ҷадвали таълим) тамоми номгӯи фанҳои таълимии ҳамаи сиклҳоро бо дарназардошти дарҷ намудани миқдори умумии кредитҳо ва миқдори кредитҳои дарсҳои аудиторӣ, ҳамчунин шакл ва муҳлати аттестатсия фаро мегирад. Номгӯи фанҳо бояд бо нақшаи таълимии барномаи магистрӣ комилан мувофиқат кунад.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-озмоишӣ, инчунин таҷриба-омӯзиҳои илмӣ-педагогӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар ҳафтаҳои дарсҳои назариявӣ (ё берун аз онҳо) гузошташудаанд ва дар нақшаи инфиродии кори магистрант дарҷ гардидаанд, бо низомномаҳои дахлдор, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

          2.6. Нақшаи инфиродии кори магистрант дар кафедраи тахассусӣ баррасӣ шуда, аз тарафи мудири кафедра, декани факултет ва сардори раёсат (шуъба)-и илми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ на дертар аз 1 ҳафта аз оғози машғулиятҳои таълимӣ тасдиқ карда мешавад.

          2.7. Ҷараёни иҷрои нақшаи таълимӣ ва натиҷаҳои тамоми шаклҳои назорати нақшаи инфиродии кори магистрант дар ҷаласаҳои кафедраи тахассусӣ дар охири ҳар як даври академӣ баррасӣ карда мешаванд.

          2.8. Назорати иҷрои нақшаи инфиродии кори магистрантро роҳбари илмӣ, кафедраи тахассусӣ ва садорати факултет ба роҳ мемонанд.

2.9. Мӯҳлати гузаронидани сессия, миқдори санҷишу имтиҳонҳо дар асоси нақшаи таълимӣ ва ҷадвали раванди таълим, ки аз ҷониби ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ тасдиқ карда мешаванд, муайян карда мешавад.

          2.10. Магистранте, ки ҳамаи талаботи нақшаи таълимиро дар мӯҳлати соли таҳсил аз худ кардааст, бо пешниҳоди декани факултет ва фармони ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ба курси дигар гузаронида мешавад.

          2.11. Магистранте, ки талаботи нақшаи таълимиро дар мӯҳлати муқарраргардида дар давоми соли таҳсил бе сабабҳои узрнок аз бар намекунад, тибқи фармони ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ аз магистратура хориҷ карда мешавад.

          2.12. Магистрантҳо бо сабабҳои зерин аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ хориҷ карда мешаванд:

- бо хоҳиши худ, аз ҷумла, бо сабаби интиқол ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии дигар ё вобаста ба вазъи саломатӣ;

- барои қарздории академӣ (то охири давраи академӣ насупоридани 3 ва зиёда санҷишу имтиҳонҳо, ки тибқи нақшаи таълимӣ пешбинӣ гардидаанд, насупоридани корҳои курсӣ ё иҷро накардани корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзӣ);

- барои иҷро накардани 3 ва зиёда аз он корҳои дар нақшаи инфиродии корӣ банақшагирифташуда дар мӯҳлатҳои муқарарраршуда;

- барои давомоти нокифоя;

- барои вайрон кардани Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ;

- барои вайрон кардани шартҳои қарордод (барои гурӯҳҳои шартномавӣ).