Мудир

Бердиев Шоҳназар Пирназарович

мудири кафедра

(+ 992) 935 00 85 47

Бердиев Шоҳназар Пирназарович 05.11.1966 дар деҳаи Ғусари ҷамоати деҳоти Колхозчиён (ҳоло Лоиқ Шералӣ-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Аъзои ҲХДТ. Оиладор соҳиби се фарзанд. Соли 1984 мактаби миёнаи №6-и ба номи А.Деҳотиро хатм намуда, ҳамон сол ба факултети таърих-шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи Давлатии Педагогии ш.Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда соли 1989 бо мувафаққият хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 1989 ба ҳайси ассистенти кафедраи фалсафаи фарҳанг ба кор шурӯъ намудааст. Солҳои 1993-1995 аспиранти рӯзонаи назди кафедраи фалсафаи фарҳанги ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ будааст. Мавзӯи рисолаи номзадиаш «Этикаи Зардуштия» буда дар аввал роҳбари илмиаш академик Турсунов Акбар, сипас Муминҷонов Ҳ. таъин карда шуда буд. Доир ба мавзӯи ахлоқи Зардуштия зиёда аз 10 мақолаи илмӣ дар маҷалаҳои илмӣ ба табъ расонидааст. 20 май 2011 дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М.Баҳоводдинов рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои ахлоқи Зардуштия» дифоъ намудааст.

    Аз сентябри соли 2012 то сентябри соли 2013 мудири кафедраи фалсафа шуда фаъолият намудааст.  Аз соли 2013 то соли 2016  ба ҳайси дотсенти кафедари фалсафа кор кардааст. Аз сентябри соли 2016  то ҳол ба сифати мудири кафедраи фалсафа  адои вазифа намуда истодааст.

Китобҳои зерин ба қалами Бердиев Ш.П. мутааллиқ мебошад:

1.    Бердиев Ш.П. Одоби муошират Душанбе 2006.

2.    Самиев Б. Бердиев Ш. Вожаномаи фалсафа Душанбе 2014.

3.    Бердиев Ш., Шомуродов Б.Б. Этика Душанбе 2016.

Бердиев Ш. Зикирзода Ҳ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги ҷаҳон ҷилди III Душанбе 2017.