Мудир

Саидов Муҳиддин Вайсиддинович

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

(+ 992) 904 47 22 34

         Ман, Саидов Муҳиддин Вайсиддинович 18 феврали соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудаам.

       Солҳои 1978 то 1983 донишҷуи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ), факултети   механика-математикаро бо ихтисоси математик - омӯзгор хатм намуда, фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими фанни математика соли 1981-1985 аз мактаби таҳсилоти умумии № 63-и ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе шурӯъ намудам.

      Солҳои 1985-1992 – ассистент, омӯзгори калони кафедраи физикаи эксперименталӣ, солҳои 1992-1996 - ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 1996-2001 омӯзгори калони кафедраи физикаи умумии ДМТ ба номи   Шириншоҳ Шоҳтемур, солҳои 2001-2004 - ноиби ректор оид ба иқтисод дар ДТИКСМ, солҳои 2004-2005 - мудири шӯъбаи табиию риёзии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педдагогӣ, солҳои 2005-2009 директори коллеҷи омӯзгорӣ ва техникии ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 2009-2010   сардори   бахши Хадамоти назорати сифати таҳсилот дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2010-2013 - дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2013-2014 - иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумдонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2014 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи психологияи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорам. Соҳиби 5 фарзанд Саидов Аъзам, Саидов Муҳсиддин, Саидов Кароматулло, Саидов Умед ва Саидова Фарзона мебошам.