Мудир

Бедилов Ҳусайн Кабутович

н.и.сиёсӣ, дотсент, мудири кафедра

(+ 992) 918-73-99-81


Бедилов Ҳусайн Кабутович (тав. 13.09.1969. н. Восеъ вил. Хатлон) баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ соли 1991 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураев (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) қабул гардид. Соли 1996 пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантураи Донишгоҳ дохил шуд. Аз соли 1998 ҷониши декан оид ба гурӯҳҳои шартномавӣ таъин шуда то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2007 дар ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошт. Аз соли 2007 ба ҳайси устоди калони кафедраи сиёсатшиносӣ фаъолият доштааст. Соли 2007 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Инкишофи муносибатҳои миллӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа. (дар мисоли Тоҷикистон)» ҳимоя намудааст. Дар солҳои зерин чунин фаъолияти меҳнатӣ намудааст: солҳои 2010 -2011 ҷониши раиси хадамоти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2011-2012 мудири шӯъбаи тайёри ва репетитории ДДОТ ба номи С.Айнӣ, солҳои 2012-2013 ҷонишини директории Маркази такмили ихтисоси кормандони ДДОТ ба номи С.Айнӣ, солҳои 2013-2014 ҷонишини декани факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф оид ба корҳои таълим, солҳои 2014 -2015 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, солҳои 2016 -2017 сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи С.Айнӣ, аз соли 2017 инҷониб мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ.