Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

      Таърихи инкишофи ҳаракати варзиш дар Тоҷикистон нисбат ба кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бештар мебошад. Соли 1936 кафедраи тарбияи чисмонӣ, яке аз аввалинҳо шуда фаъолияти худро дар соҳаи варзишӣ Ҷумҳурӣ дар Донишкадаи давлатии педагогӣ Душанбе дар шаҳри Душанбе, оғоз намуд ва минбаъд ба яке аз марказҳои тайёр намудани варзишгарони баландмаҳорату муттахассисони ин соҳа табдил ёфт. Агар дар ибтидои фаъолият аз як тараф мутахассисон ва таҷҳизотҳои варзишӣ нарасанд, аз тарафи дигар, мардум махсусан занҳо ба тарбияи чисмонӣ бо назари тааҷчуб нигоҳ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарияти донишкада тавонист фаъолити кафедраро ба роҳи муносиб гузорад. Бо даъватнома аз шаҳрҳои Маскаву, Санкт-Петербург, Киев ва Тошканд як қатор мутахассисон ба кор xалб шуданд. Дар байни фиристодагон Абрамов Я.Ю. аввалин шуда кафедраро сарвари намуд ва солҳои минбаъда ҳамчун ташкилотчии номи ва олимӣ шинохта риштаи варзишӣ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат пайдо кард. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ натанҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он шуҳрат пайдо намуд. Масалан дастури оид ба бозиҳои миллӣ соли 1937 аз тарафи иштирокчиёни конкурси Кумитаи варзишӣ Тоҷикистон ҳамчун маводи таълимии мактабҳои олӣ ва миёна пешниҳод карда шуд. Солҳои ҷанги бузурги Ватанӣ фаъолияти кафедра баҳри ҳимояи  Ватан равона карда шуд. Бо ин мақсад  аъзоёни кафедра  бо сардории Я.Ю.Абрамов  Қоидаи гӯштини миллиро   тартиб додаанд, ки он аз тарафи комиссияи Кумитаи варзишӣ СССР ҳамчун меъёри  комплекси ГТО дохил карда шуд. Дар назди кафедра  курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани  инструктурони  ГТО  ташкил карда шуд. Бо ёрии онҳо  танҳо соли 1940 зиёда аз 60 нафар ҷавонон доранда нишони  ГТО гаштанд. Ғайр аз ин  бо пешниҳоди  аъзоёни кафедра  дарси тарбияи ҷисмонӣ  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳамчун дарси ҳатми  дохил карда шуда  фаъолияти сексияҳои  варзишӣ аз ҷумла тирпаронӣ, варзишӣ сабук, гимнастика ва ғайра ҷоннок карда шудаанд. Он солҳо муаллими кафедра М.А. Циклаури донишҷӯён Б.Тоҳиров,  А. Болтабоева ва дигарон беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон  ба ҳисоб мерафтанд. Сексияи ҳаводиҳии норинҷакро (гранат)  донишҷӯи курси сеюм Фролова роҳбарии менамуд дар ин сексия донишҷӯён ва донишҷӯдухтарони донишкада  баъди дарсҳо омада машқ менамуданд. Донишҷӯдухтарон  Файзиева Т. ва Азизова О. роҳбарии сексияи умумиҷисмонӣ буданд. Бо ёрии донишҷӯёни донишкада  дар донишкада борҳо  спартакиада аз рӯи барномаи  ГТО гузаронида шудааст. Барои он сексияҳои варзишӣ бо ӯҳдаи донишҷӯёни фаъол гузошта буд, ки чунки дар ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи варзиш кам буд.  Бо ин мақсад солҳои 1941-1942 дар Тоҷикистон  зиёда аз ҳазор гурӯҳҳои гимнастӣ амал мекарданд. Байни  гимнастон духтарони маҳаллӣ М.Наҳангова, С.Турсунова, К.Каримова ва дигарон буданд, ки минбаъад сексияҳои варзишида  сарвари намуданд. Солҳои баъдиҷангӣ фаъолити аъзоёни кафедра ба корҳои барқароркунии ва тайёр намудани кадрҳо равона карда шуд. Бо ин мақсад дар назди кафедра  курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани инструкторони тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда як қатор ҷавонон ба мактабҳои олии тарбияи ҷисмонӣ шаҳрҳои маркази равона карда шуданд. Муаллимон Н.П. Циклаури ташкилотчии сексияи гимнастикаи варзишӣ. М.А. Циклаури солҳои тӯлони сардори варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни паради умумииттифоқи физкултурачиён дар шаҳри Маскав буданд.

     Солҳои 50-ум дар назди варзишгарони тоҷик вазифаҳои нав: Баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва  ба ин восита солҳои наздик дар ҷаҳон ҷойҳои  намоёнро ишғол намуданд гузошта шуд. Бо  ин мақсад  соли 1953 дар назди  Донишкадаи давлатии педагогӣ  Душанбе факултаи тарбия ҷисмонӣ  кушода шуд. Соли 1957 бори аввал  53 нафар муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, мураббиёни  маълумоти олидор онро хатм намуданд, ки  дар байни онҳо  (шодравон)  Н.Н.Турсунов (профессор, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ Тоҷикистон), X.Рӯзиев (Аълочии маорифи Тоҷикистон) ва дигарон буданд. Дар сексияҳои  варзишии донишкада  аввалин чемпиони СССР (шодравон) Азалшо Олимов аз гӯштини самбо,  В. Двигун  вазнбардорӣ, А.Арапенко варзишӣ сабук  ва дигарон ба воя расиданд. 

     Фаъолияти умумии донишкадаро дар солҳои 60-ум бе дастовардҳои варзишӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст   дастаҳои яккачини донишгоҳ оид ба футбол  мураббӣ А.М. Тер-Казарян, баскетбол мураббӣ (шодравон) А.Муродов, гимнастика  мураббӣ С.П.Афонин ва чавгонбозӣ мураббӣ Я.Ю.Абрамович варзишгарони мураббиён ғолиби чандинкаратаи чемпиони Тоҷикистон  гашта  байни мактабҳои олии собиқ СССР ҷои намоёнро ишғол намуданд. Тибқи ҷамъбасти чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба 50-солагии  таъсисёбии Давлати шӯравӣ соли 1967 дар донишкада спартакиада гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 2000 донишҷӯён бо варзиш машғул будан ширкат намуда ба нишондодҳои баланд ноил гаштаанд. Аз ин ҳисоб 4 нафар варзишгар аз донишҷӯёни донишкада ба гирифтани дараҷаи балантарини  нишондиҳандаи варзишӣ – Устоди варзишӣ Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар – номзад ба устодии варзиш, 24 – нафар дараҷаи аввали варзиш, 73 – нафар дараҷаи дуюм ва 572 – нафар дараҷаи сеюми варзишӣ ноил шудаанд, ки ин аз меъёри ба нақша гирифта хеле   зиёд буд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ҳамин сол аз ҳисоби  устодону донишҷӯёни донишкада 284 нафар варзишгар ба гирифтани ҳуҷҷати расмии доварӣ ва инструктори варзишӣ соҳиб шуданд. Бо вуҷуди камбудиву норасоиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда варзишгарон ва омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ  донишкада дар тамоми самтҳои фаъолият назаррасу бобарор буда  баҳри рушди минбаъдаи он заминаи устивор гузоштааст. 

      Соли 1971 дар  базаи факулта  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин ташкил карда шуд.

        Соли хониши  1977-1978 дар донишгоҳ аз 13 намуди варзиш  21 гурӯҳҳои (сексияҳо)  варзишӣ амал мекард, ки дар онҳо 400 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон  дараҷаи варзишӣ соҳиб буда  ширкат доштанд. Дар донишгоҳ варзиш диққати махсус дода мешавад. Ҳамасола дар долори варзишӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо варзиш машғул мебошанд ва дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд.

       Солҳои  80-ум кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Донишкадаи давлатии педагогӣ Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко анъанаҳои пешқадами солҳои пешинро идома дода  дар ҳаракати варзишии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт дар ин донишгоҳ варзишгарон аз намудҳои  волейбол, баскетбол, футбол, варзишӣ сабук, гимнастика, гӯштин, чавгонбозӣ, сангбардорӣ, шиноварӣ ва шоҳмот машқ намуда дар чандин мусобиқаҳои Ҷумҳуриявӣ берун аз он дастболо шуданд. Варзишгаронӣ №1 дар Тоҷикистон  чемпионкаи ҷаҳону собиқ СССР Зебуниссо Рустамова, чемпиони чаҳон  (шодравон) Саидмӯъмин Раҳимов ва ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқи намудҳои гӯштин Мариватчо Бачабеков тайёр карда шуданд.

       Солҳои  90-ум дар мусобиқаҳои байналмилалӣ донишҷӯи  донишгоҳ аз гӯштуни самбо Ҳиматшо Қаноатов сазавори ҷои аввал гашт ва аз намуди шоҳмот Ҷамшед Исоев чемпиони собиқ СССР шуд.

       Солҳои соҳибистиқлоли кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ  дар  мусобиқаҳои Ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ғолиби мусобиқаҳо  гаштанд.  Соли 2002 дар спартакиадаи варзишии байни мактабҳои олӣ  варзишгарони донишгоҳи омӯзгори аз намуди дартис дастаи писарҳо ва дастаи духтарҳо чои аввалро ишғол намуданд. Солҳои 2005-2006 дар байни мактабҳои олӣ Ҷумҳурӣ мусобиқаи варзишӣ «Варзиш ҷасорат зебоӣ» донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Точxикистон ба номи Қ. Ҷӯраев  (ҳозира Садриддин Айнӣ) ҷои дуюмро ишғол намуд. Донишҷӯи факултети таърих Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ   Фарҳод Неъматов иштирокчи мусобиқаи 30-уми олимпӣ  Лондон 2012  дар вазнӣ  81 кило аз намуди таэкван-до иштирок намуд. Ҳоло дастаҳои яккачини донишгоҳ оид ба гӯштин,  варзишӣ сабук, волейбол, футбол, шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ дар қатори дастаҳои пешсафи чумҳури мебошад. Дар айни ҳол дар кафедра 10 нафар омӯзгорони баландихтисос фаъолият менамоянд.  Омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ Бачабеков Мариватчо иҷрокунандаи вазифаи  дотсент, Устоди варзиш оид ба гӯштингирӣ ва  Корманди шоистаи  мураббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоев Маҳмадулло Аттоевич дотсент,  Устоди варзиш оид ба гӯштингирӣ,  Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатов Аҳмад Бекович муаллими калон, Устоди варзиш оид ба волейбол, Шамсидинов Ҳигматулло Меликович муаллими калон, ассистентон Султонов Комрон Ҷабборович, Қосимов Ибрагим Султонович.  Омӯзгорон аз фанни мудофиаи шаҳрвандӣ Абзалов Имом Азизхуҷаевич номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон, полковник, Абдуллоев Исмоил муаллими калон, падполковник,  ҷанговарӣ  интернасионал, Асамудинов Мамашариф Сафарбекович муаллими калон, капитан.  Аз соли 2005 то имрӯз кафедраро  Намозов Т. Б. номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Устоди варзиш оид ба гӯштингирӣ, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Ҷумҳрии Точикистон роҳбарии дорад.

      Дар донишгоҳ варзиш диққати махсус дода мешавад. Дар вақти муайян ҳама вақт дар толори варзишӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо варзиш машғул мебошанд ва дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд.