Мудир

Намозов Тошқул Буриевич

Мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ

(+ 992) 918 81 25 21

Ман Намозов Тошқул Буриевич 20 феврали соли 1961 дар деҳаи Қашқараҳа, ҷамоати Оби-муки ҳозира Обшорон, ноҳияи Ёвон, Вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудам, миллатам тоҷик, маълумотам олӣ, аъзои ҳизбӣ халқи демократии Тоҷикистон аз соли 2012, оиладор соҳиби 6 фарзанд. Аз соли 1968 то 1978 мактабхони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 ба номи Эрнест Тельман деҳаи Қашқараҳа, ҷамоати Оби-муки, ноҳияи Ёвон, Вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон. Баъди хатми мактаби мазкур солҳои 1978-1982 донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И.Калинин ҳозира Сайидмӯъмин Раҳимов. Аз соли 1982 то 1993 ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев ҳозира Садриддин Айнӣ. Аз соли 1993 то 2010 муаллими калони кафедраи мазкур. Ҳамзамон солҳои 1992-1997 донишҷӯи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев ҳозира Садриддин Айнӣ. Аз соли 2010 дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шахрвандии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор ва фаъолият намуда гирандаи мукофотҳои давлати ва унвони «Устоди варзиш оид ба гӯштингирӣ» соли 1982, бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» соли 2004, бо унвони «Кормандӣ шоистаи варзишӣ Тоҷикистон» соли 2006, дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш соли 2010, номзади илмҳои педагогӣ соли 2012, аз соли 2005 то ҳоло вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дорам.