Забони англисӣ ҳамчун ихтиссоси дуввум

Забони англисӣ ҳамчун ихтиссоси дуввум

Кафедраи умумидонишгоҳии «Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм», яке аз кафедраҳои навтаъсис дар назди раёсати таълими ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба шумор меравад. Кафедраи зикршуда таълим дар ихтисосҳои ҳамгироро дар бар мегирад. Августи соли 2019 дар назди раёсати таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм ифтитоҳ гардид. То соли равон ихтисосҳои ҳамгирое, ки ихтисоси дуюми онҳо забони англисӣ мебошад ба ӯҳдаи кафедраҳои тахассусии факултети забони англисӣ: забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, забонҳои шарқ, услубшиносӣ ва назарияи тарҷума вогузор шуда буданд. Аввалин шуда мудирияти кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон Карабаев Бахтовар Бахтиёрович ба ӯҳда дошт. Дар кафедраи мазкур 15 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 7 нафарашон омӯзгорони тасвибӣ, 7 нафар ҳамкори дохилӣ, ва 1 нафар ҳамкори беруна мебошанд, ки аз фанҳои АНШХ, фонетикаи амалӣ ва грамматикаи амалӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Аз теъдоди умумии 15 нафар: 3 нафар муаллими калон, 1 нафар номзади илм ва 11 нафари дигар бошад ассистентон мебошанд. Омӯзгорони тасвибие, ки дар кафедра аз фанҳои АНШХ, грамматикаи амалӣ ва фонетикаи амалӣ дарс медиҳанд: Ҷӯраев Хайём, Гулаева Амина, Аҳатов Валиҷон, Назарова Мусаввар, Мадудова Раҷаббӣ, Маҳмадалиев Масрур, Эмомов Исфандиёр; аз ҳамкорони дохиливу беруна бошанд: Амиров Саидмуҳаммад, Саломов Шаҳбоз, Назарова Зарнигор, Ҳакимов Файзалӣ, Шакарбеков Ғайрат, Холов Баҳром ва Азизова Мастона мебошанд.

Дар як муҳлати кӯтоҳ ин ихтисосҳои ҳамгиро бо нишон додани забони англисӣ дар донишгоҳ ба яке аз ихтисосҳои серталаб табдил ёфта, сафи донишҷӯён дар ин ихтисосҳо сол то сол зиёд гардида истодааст. Ҳамасола омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли кафедра дар барномаҳои гуногуни таълимӣ имтиҳон супорида, дар донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Фаронса таҳсил намуда, савияи дониш ва маҳорати забонандузии худро инкишоф медиҳанд. Айни замон роҳбарии кафедраи мазкурро аз таърихи 01.10.2019 ба души муаллими калон Ҷӯраев Хайём Акрамович вогузор карда шудааст.