Мудир

Ҷӯраев Хайём Акрамович

Мудири кафедра, муаллими калон

(+ 992) 93 798 73 73

 Ман, Ҷӯраев Хайём Акрамович соли 1989 дар деҳаи Тагоби Халқи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи кишоварз ба дунё омадаам. Соли 1996 ба синфи якум рафта, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 – и ба номи Шариф Бозори шаҳри Панҷакентро хатм намудам. Дар соли 2007 ба ихтисоси забони англисии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуда, онро бо дипломи аъло ба поён расонидам. Соли 2010 тариқи сӯҳбат ба шӯъбаи рӯзонаи курси дуюми факултети забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ шомил гардида, соли 2013 онро бо дарёфти дараҷаи бакалавр бо дипломи аъло ба итмом расонидам. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро ба зинаи магистратураи донишгоҳи номбурда дар риштаи забони англисӣ супорида, онро соли 2015 бо сари баланд ва дипломи аъло хатм намудам. Инчунин дар давраҳои хониши магистри гирандаи стипендияи Президентӣ будам. Пас аз хатми зинаи магистратура, мавзӯи илмии худро таҳти унвони «Таҳлили сохторӣ-маъноии истилоҳоти адабиётшиносӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» зери роҳбарии д.и.ф., профессор Ҷаматов С.С. ба омӯзишу таҳқиқ пардохтам. Силсилаи мақолаҳои илмии хешро перомуни мавзӯи таҳқиқотиам дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба табъ расонидам. Ҳамчунин дар семинару конфронсҳои илмӣ бо маърӯзаҳои илмӣ гузориш ироа намудам.

Шурӯъ аз соли 2015 ба сифати ассистент дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва аз моҳи феврали соли 2018 ҳамчун саромӯзгор дар факултети забони англисӣ то ҳол фаъолияти омӯзгори дорам. Дар ин муддат 15 – адад барномаи таълимӣ ва беш аз 26 мақолаи илмию - оммавӣ ва илмиамро нашр намудам. Бояд ишора намуд, ки мавзӯи илмиамро зери унвони «Таҳлили сохторӣ-маъноии истилоҳоти адабиётшиносӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» 20.06.2019 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА–028 – и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дифоъ намудам. Аз 1-уми октябри соли равон роҳбарии мудири кафедраи умумидонишгоҳии «Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм»-ро ба ӯҳда дорам.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошам.