Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ

Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ аз рӯзҳои аввали ташкили Донишгоҳ таъсис дода шудааст, ки дар он устодони болаёқат фаъолият менамоянд. Устодони донишгоҳ Муқимова Н. М, Абдуӌалилова М. Должикова В. А., Собирова Л .М., Турсунова С. Б., Ким А., Сайфутдинов Р. М., Мадиева М., Олимова М., Мирганова Н., Газиева М. И. дар давоми фаъолияти меҳнатии худ вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда  доштанд ва онро сарварӣ кардаанд.

Кафедра соли 2013 дубора таъсис дода шуд ва ҳоло  ки дар  он 17 омӯзгорон аз фани забони русӣ дар 12 факултаи донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таври низоми кредитӣ машғулият мегузаронанд. Кафедра бо адабиёт  ва таӌҳизотҳои замонавӣ муӌаҳҳаз гардонида шудааст.

Омӯзгорони кафедра ба тарбияи маънавии донишӌӯён, аз ӌумла тарбияи ахлоқӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ масъулиятшиносӣ ва ҳаёти солим аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ҷаласаву машваратҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок  менамоянд.

Дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ пайваста ҳафтаи забони русӣ ва фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони кафедра ва донишӌӯёни факултаҳо  баргузор мегардад. Чунин  иқдомот имкон медиҳад, ки донишӌӯён бештар ба омӯзиши   забони русӣ ҷалб  карда  шаванд.

Дар маркази русӣ бо шарофати истиклоли кишвар ва  бо дастгирию роҳнамоии Президенти муҳтарам – Эмомали Раҳмон бори дигар  неру ва тавоноии хешро афзуда ва онро такмил дода дар чодаи тайёр кардани кадрхои болаёкати касби саҳмгузор мебошад, ки метавон минбаъд онро аз манзар ва дидгоҳҳои мухталиф мавриди барраси карор дод.

Кафедраи умумидонишгохии забони русӣ бо Маркази русӣ ки бо таӌҳизоти техникӣ ва маводи таълимию илмии замонавӣ таъсис ёфтааст, робитаи мустаҳкам дорад. Донишӌӯён, устодон ва ихлосмандони забон ва фарҳанги русӣ аз ин макон самаранок истифода мебаранд.