Забони тоҷикӣ


Кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 1989 бо мақсади тарғиб, густариш ва  такомули забони тоҷикӣ, инчунин бозкушоии моҳияти омӯзиши забони тоҷикӣ дар факултаҳои гуманитарӣ-ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзии донишгоҳ ташкил шудааст. Мақсади асосии кафедра таълими масоили забон, аз ҷумла, имло, аломатҳои китобат, таълими масоили марбут ба услуб, муаррифии дурусти масъалаҳои ихтисосӣ, мукотиботи тахуссусӣ, истифодаи дуруст ва самараноки  луғатҳои соҳавӣ, ибораҳои ихтисосӣ, услуби машқҳои ихтисосӣ, кор бо матнҳои марбута ва таҳлили онҳо, ташаккули  нутқи донишҷӯён, одоби муошират, такмили тавоноии шогирдон дар иншои эссесҳо маҳсуб мегардад.

Кафедра нахуст аз 14 нафар омӯзгор иборат буд,  солҳои 1997- 1999 ва 2012 – 2014 бо кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи тоҷик муттаҳид гардид. Аз соли 2015 инҷониб ба сифати кафедраи мустақил фаъолият дорад.

Хушбахтона, дар замони Истиқлол ба хотири такомули забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин замина, омӯзиши забони тоҷикӣ дар стандартҳо ва нақшаҳои таълимии тамоми факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Дар ин росто, устодони кафедра омӯзиши забони тоҷикиро дар тамоми факултаҳои гуманитарӣ-ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзии донишгоҳ роҳандозӣ намуда, аз усулҳои мухталифи  самарабахши таълим истифода менамоянд. Ногуфта намонад, ки дар солҳои аввали таъсиси кафедра  дар баробари таълими забони тоҷикӣ, инчунин фанҳои хати ниёгон (хушнависӣ) ва ҳусни баён аз ҷониби устодони кафедра таълим дода мешуд.

Тайи  солҳои гуногун сарварии кафедраро олимони варзидаи соҳаи забоншиносӣ  ва устодони ботаҷрибаи соҳибмактабу соҳибқалам номзади илмҳои филология, дотсент Карамхудоев Нодир (1989-1995), доктори илмҳои филология, профессор Бобокалонова Ҷонон (1995-1997), номзади илмҳои филология Маҳмудов Мансур (1997- 2004), дотсент Саидов С.(2004-2007), доктори илмҳои филология, профессор Исмоилов Шамсулло (2007-2008), доктори илмҳои филология, профессор Сабзаев Саидқул (2008-2010), дотсент Алиев Одилҷон (2010-2012), муаллими калон Саидова Ҷамила (2015-2017) ба уҳда доштанд.

Таълифоти олимони кафедра Бобокалонова Ҷонон «Нақши занон дар номаҳои шоҳон», «Боли ҳунар»,  Исмоилов Шамсулло «Раҳнамои таҷрибаи шевашиносӣ», Саидқул Сабзаев «Забони тоҷикӣ», китоби дарсӣ барои синфи 5, «Каломи Президент дар таълими забон», «Сухан рӯдакивор некӯ бувад», «Мақоми сухан дар рӯзгори Имоми Аъзам Абуҳанифа» аз дастовардҳои илмиву таълимии кафедра маҳсуб мегарданд.

Дар назди кафедра маҳфили «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» амал мекунад, ки бобати дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани толибилмон, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳтироми рукнҳои давлатдории миллӣ саҳм мегузорад.

 Аз соли 2017 ин ҷониб роҳбарии кафедраро доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод ба уҳда дорад. Дар ин давра фаъолияти таълимӣ ва илмии кафедра тақвият ёфт. Аввалин дастурҳои таълимиву методӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни дохил ва хориҷ монанди

Хоҷазод С., Алиев О. “Забони тоҷикӣ” (барои факултетҳои ғайрифилологӣ).-Душанбе: Донишварон, 2017.

Хоҷазод С. “Забони тоҷикӣ” (барои гурӯҳҳои туркманӣ).-Душанбе: ДДОТ, 2017.

Хоҷазод С., Холдорова Д. “Забони тоҷикӣ” (воситаи ёрирасони таълим барои навомӯзони гурӯҳҳои туркманӣ).-Душанбе: ДДОТ, 2017.

Исматуллоев М. “Забони тоҷикӣ” (барои гурӯҳҳои русӣ).-Душанбе: ДДОТ, 2017.

Хоҷазод С., Саидова Ҷ. “Забони тоҷикӣ” (комплекси таълимиву методӣ).-Душанбе: ДДОТ, 2018.

         Гулзода Наврӯз. Тематический словарь русско-таджикский и таджикско русский соответствии Москва:- ФГБОУ  ВПО  МГЛУ,  2015.

         Гулзода Наврӯз. Русско – таджикский и таджикско русский словарь Ростов на Дону:- изд.  «БАРА» 2019.

Гулзода Наврӯз. “Забони тоҷикӣ”(матни лексияҳо).-Душанбе: ДДОТ, 2019 таълиф гардиданд.

Фаъолияти илмии кафедра низ мунтазам мавриди рушд қарор дорад. Чаҳор нафар устодони кафедра – Саидова Ҷ., Ҷураева Х., Юсуфова С. ва Қодирова Д. рисолаҳои номзадии худро ба итмом расонида, дар арафаи дифоъ қарор доранд.

Ҳоло дар кафедра як нафар профессор, се нафар дотсент, шаш  нафар муаллими калон ва нӯҳ нафар ассистент машғул ба тадрис мебошанд.