ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ДАСТОВАРДИ ҚИСМАТСОЗИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

24июн

10:00

Шурои олимион

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ДАСТОВАРДИ ҚИСМАТСОЗИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

(Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ)

Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ҷанги хонумонсӯзу роҳи мубҳам бо ҳузури ҳумоюни сулҳу саодат ва раҳнамои ваҳдати миллат дар кӯтоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон истгоҳи ҳақиқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шуд, ки аз он қатораи ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳои дур равона гардида, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд. Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми ситораи раҳнамояндаи миллат дар он айёми тирашаб аз омадани субҳи милоди мубораки миллат дар тозатарин вақту фазои таърихӣ пас аз ҳазор соли кишвардории аҷдоди бузурги тоҷикон Сомониёни ориёнасл муждагонии масъуде расонид. Иҷрои рисолати бузурге, ки Сарвари давлат дар минбари ин маҷлисгоҳи иқболи миллати тоҷик барои овардани сулҳу ваҳдат аҳд гирифтанд, дар фосилаи 22 сол умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза бахшида, таъмини куллии истиқлолияти ҷомеаро тақвияти бештар бахшид.

Маҳз ба хотири эҳтиром гузоштан ба ин санади муҳими таърихии тақдирсози миллат, имрӯз 24.06.2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-дастоварди қисматсози таърихии халқи тоҷик» баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур олимони саршиноси тоҷик Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, професссор Ҳ. Пирумшоев, А. Ёрмуҳаммадов, А. Нуров, Н. Ҳотамов, М.Маликов, М, Ҳомидзода ва дигарон иштирок намуда, маърузаҳои пурмуҳаво ироа намуданд.

Конференсияро ректори донишгоҳи мазкур, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ оғоз намуд. Мавсуф зикр намуд, ки «дар кишвар ду ҷашни муҳим ва таърихиянд, ки ҳамдигарро пурра мекунанд: Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ. Албатта нақш ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастёбӣ ба чунин рӯзи таърихӣ ба ҳам тавъаманд. Тавре мебинем ҳамасола аҳамияти ин рӯзи муборак бозҳам зиёдтар мегардад. Ва мардум хуб дарк карда истодаад, ки Ваҳдати миллӣ чи саодатеро барои кишвари маҳбубамон армуғон овард» Нӯъмонҷон Ғаффорӣ пас аз суханронӣ, риштаи суханро Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, професссор Ҳ. Пирумшоев дод. Мавсуф дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-падидаи тақдирсоз дар сарнавишти тоҷикон» суханронӣ намуд. Пирумшоев иброз дошт, ки «Ваҳдатро чун натиҷаи ниҳоӣ ва шахшудаи дастовардҳои муътадилият ва дар давраи муайян рушди ҷомеаро таъминкунанда фаҳмидан хатост. Ваҳдат ин раванди бемайдон ва ҳамасафари ҳаёти ҷомеа ҳисоб меёбад. Ҷомеаи соли набзи онро бояд доим эҳсос намояд». Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки: «Омӯзиши раванди таъмини сулҳу суботи кишвари азиз ба хулосае меорад, ки ваҳдати комил фақат бо риояи принсипҳои демократӣ ба даст меояд. Фаъолияти рӯзафзуни Сарвари давлат, ки муттаҳидии тамоми халқҳои Тоҷикистонро таъмин намудааст, бешак гарави боэътимоди рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад».

Пас аз суханронии Пирумшоев, ректори донишгоҳ суханро ба дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амиршо Ёрмаҳмадов дод. Мавсуф дар мавзӯи «Роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон» маърӯза намуд. Ҳамчунин дар конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-дастоварди қисматсози таърихии халқи тоҷик» профессори кафедраи педагогика ва психалогияи ДДОТ А. Нуров дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар тарбияи ҷавонон», профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Н.Ҳотамов дар мавзӯи «Мақоми Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар тезонидани сулҳи тоҷикон», профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон М. Маликов дар мавзӯи «Ваҳдат ва истиқлолияти энергетӣ», мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ Ф. Ҳомидзода дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон мемори сулҳу Ваҳдати миллӣ», профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон С. Муҳиддинов дар мавзӯи «Пешвои миллат-таърихнигори Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуданд.

Бахши дувуми конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар факултаи таърихи донишгоҳи мазкур баргузор гардид, ки дар он дотсенти ДДОТ А. Муродзода дар мавзӯи «Инъикоси равандҳои Ваҳдати миллӣ дар матбуоти даврӣ», мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДОТ Ш. Бирдиев дар мавзӯи «22 соли сулҳу амният дар Тоҷикистон», дотсенти кафедраи халқи тоҷики ДДОТ М. Ганҷакова дар мавзӯи «Музокироти сулҳи тоҷикон дар адабиёти «Ёддоштӣ» ва мудири кафедраи таърихи умумии ДДОТ С. Сайнаков дар мавзӯи «Саҳми давлатҳои узви ИДМ дар таҳкими сулҳи Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ