Намоишгохи китоби нашрияи "Адиб" чамъбаст гардид

21июн

12:00

Боги Рудаки

НАМОИШГОҲИ  КИТОБИ  НАШРИЁТИ «АДИБ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд моҳ қабл озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон гардид, бо шукӯҳи хосса давом дорад. То имрӯз дар баробари озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон  корвони китоб ба навоҳии дурдасти кишвар низ ба роҳ мондашудааст. Дар ин миён нашриёти бонуфузи «Адиб» иқдоми наҷиберо таҳти унвони «Намоишгоҳи китоб» тӯли як моҳ дар боғи фаҳрангиву фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» баргузор намуд.

Имрӯз 22.06.2019 давраи ҷамбастии «Намоишгоҳи китоб» дар боғи фаҳрангиву фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» бо як идда ноширону адибон, аз ҷумла директори  нашриёти «Адиб» Давлат Сафар, Шоири       халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, адибони шинохта Ӯрун Кӯҳзод, Ато Ҳамдам ва дигарон иштирок намуданд. Мулоқоти сершумори дӯстдорони каломи бадеъ дар боғи мазкур бо муаллифон шаҳомати дигарро ба худ зам намуд. Дар анҷоми мулоқот фурӯши китобҳои тозанашри нашриёт ба ташнагони назму наср хушҳолӣ бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ