Гулназархонӣ дар оромгоҳи Лучоб

Хабари рӯз 21 Сентября 2020

Субҳи 20-уми сентябри соли 2020 гурӯҳе аз аҳли қалам ҳаводорони шеъру сухан ва устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияи Рӯдакӣ ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ муаллифи Суруди миллӣ устод Гуланазар Келдӣ озмуни “Гулназархонӣ”-ро доир намуданд.

Садри маҳфил шоири шинохта Абдуҷаббори Суруш озмунро бо чанд зикри хайру ёддошт аз устод Гулназар ифтитоҳ намуд. Сипас узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгор ва муҳаққиқ Равшаи Ҳамро доир ба ҳаёти фаъолияти гулназар маълумот дод. Номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Ҳамза Боқиев намунаеро аз устод Гулназар бо як эҳсосу бадеияти баланд қироат намуд. Мавриди ба ёддоварист, ки дар маҳфил фарзандону пайвандон ҳамдарсони устод Гулназар Келдӣ ва дигар ҳаводорони шеъри ӯ аз ҳар гӯшаи кишвар иштирок доштанд.

Донишҷӯёну хонандагон ашъори Гулназарро ба завқу ҳунари махсус қироат намуданд. Ҳамоиш хеле мутантан ва хотирмон буд.