Имрӯз «Фурӯғи субҳи доноӣ» бош,

Хабари рӯз 17 Апреля 2020

Имрӯз «Фурӯғи субҳи доноӣ» бош,

Гар қатра туӣ, фидои дарёӣ бош.

Дар арсаи илму фан маҷоле, ки турост,

Поён манигар, рафиқи болоӣ бош.

Бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз

05.02.2020,    таҳти рақами №АП-1339 баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расида буд.

Дар асоси амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти рақами №АП-1339, фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Нуъмонҷон Ғаффорӣ низ, ҷиҳати баргузории озмуни мазкур дар факултетҳои донишгоҳ аз 01.04.2020, №165 0Д, ба имзо расида буд, ки имрӯз санаи 17.04.2020, бо фарогирии ҳайати комиссия иборат аз нафарони зерин: Солеҳов Ш. - мудири кафедраи назарияи адабиёт – раис; Исрофилниё Ш. - мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, аъзо; Мардонзода Ҷ. - котиби масъули маҷаллаи «Наврӯста», аъзо; Эсанов X. - мутахассиси шӯъбаи табъу нашр; Баротова Г. - раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ аъзо ва 23 нафар довталабони озмун ва бо иштироки дигар ҳаводорони шеъру сухани воло ин озмун дар толори марказии донишгоҳ баргузор гардид. Сараввал кушодашавии озмунро Нуъмонҷон Ғаффорӣ -ректори донишгоҳ, бо сухани ифтитоҳии худ ҳусни оғоз бахшида, барои идома додани ин маҳфилозмун ба аъзоёни комиссия барору комёбӣ хост. Сипас довталабон дар панҷ бахш: (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ) истеъдод ва малакаи худро нишон доданд. Муовиқи хулосаи ҳайати доварон нафарони зерин барои иштирок дар даври навбатии озмун пешниҳод гардиданд:

1.     Қурбонова Ганҷина, донишҷӯи курси севуми факултети филологияи тоҷик дар бахши адабиёти классикӣ

2.     Нарзуллоева Маҳинабону, донишҷӯи курси дувуми таҳсилоти томактабӣ дар бахши адабиёти классикӣ

3.     Гулмуродова Ҳилола, донишҷӯи курси якуми факултети забони русӣ дар бахши адабиёти ҷаҳон

4.     Кенҷаева Хиромон, донишҷӯи курси якуми факулети физика дар бахши шоирӣ

Суратгузориш аз рафти баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар толори марказии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ