ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД

Хабари рӯз 14 Апреля 2020

Ба ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва фарзонафарзанди миллат, шахсияти барҷаста ва чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз, санаи 15-уми апрели соли 2020, аз боғи фарҳангию фароғатии устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, дар назди марқади устод гулчамбар гузоштанд.

Дар маросими гулчамбаргузорӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, Акобир Мирзораҳимов – муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои биологӣ, Ҷамила Мӯсоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, Сахидод Раҳматуллозода – декани факултаи филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Шамсиддин Солеҳов – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ, Шарифмурод Исрофилниё – мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, доктори илмҳои филологӣ, Вафо Элбоев – доктори илмҳои филологӣ, Маҳдӣ Абдураҳмонов – муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 3-юми факултети филологияи тоҷик ширкат намуданд.

Зимни маросими гулчамбаргузорӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ -ректори донишгоҳ дар назди муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ дар хусуси ҳувият ва худшиносиву хештаншиносии миллии ин шахсияти бузург, муаллифи осори безаволу арзишманди бадеӣ, ходими намоёни ҷамъиятию давлатӣ, адибу эҷодкори асил ва инсони ҷасоратманду маҳбуби халқ суханронӣ намуд.

Профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ изҳор дошт, ки Садриддин Айнӣ бо кору пайкори наҷибу созанда дар бунёди бақову ҳастии давлатдории миллӣ ва шинохти тоҷикон дар ақсои олам ҷон ба каф гузоштаву шарафмандона дар ҳимояи адолати иҷтимоӣ, ғами халқу давлат ва миллати тоҷик қарор дошт.

Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик аз ашъори устод Садриддин Айнӣ шеърҳо қироат намуда, ҳамзамон, аз асари пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хизматҳои арзандаи ин абармарди таърихӣ ёдоварӣ намуданд.

 

Ҳабибулло Сатторӣ,

сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгори ҷавон»

Бештари аксҳо