МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ РУШД

Хабари рӯз 4 Апреля 2020

Имрӯз санаи 4-уми апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимони донишгоҳ вохӯрии судманд бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Шодком Турсунзода - муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони раёсати донишгоҳ, деканон, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд. Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих профессор зимни ифтитоҳи вохӯрии мазкур иброз дошт, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Шодком Турсунзода - муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ таъкид намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Илова бар ин, мавсуф зикр намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам месозад. Маҳз чунин нишонаҳо сабаби поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегарданд. Акобир Мирзораҳимов – муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои биологӣ дар қисмати мубодилаи афкор атрофи масъалаи мазкур иброз дошт, ки мо, ҷомеаи зиёӣ ва омӯзгорони пуртаҷриба дар ҳамдастӣ бояд ба ин падидаи зараровари ҷомеа мубориза барем ва пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем то ҷавонон ба ин аъмоли носазо даст назананд. Ҳамзамон дар қисмати ниҳоии чорабинӣ омӯзгорон ёдовар шуданд, ки ҳамаи мақомотҳои дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ ба ин раванд таъсири бештар расонида, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро пеш аз вуқуъ гиранд ва вазъиятро дар ин самт барои беҳтар намудан мусоидат намоянд.