Саҳмгузорӣ дар як рӯзи покиву назофат ва ободонӣ дар донишгоҳ

Хабари рӯз 18 Апреля 2020

Имрӯз, шанбе, санаи 18.04.2020 дар саҳни бинои асосиву дигар биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва роҳравҳои атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчун анъанаи дерин бо кӯшиш ва ибтикори ректори донишгоҳ-Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо мақсади “Саҳмгузорӣ дар як рӯзи покиву назофат ва ободонӣ” дар маконҳои зикргардида, шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар ин шанбегӣ масъулини сохтори иқтисод ва хоҷагидорӣ зери роҳбарии Муродов Илҳомҷон ва дигар иштироккунандагон сарҷамъона даст ба тозакориҳо задаву роҳрав, майдону боғи паси биноҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд. Ҳамчунин, бо дастур ва иштироки ректори донишгоҳ дар саҳни биноҳои таълимӣ гулҳои зарду сурхи хушнамуд шинонида шуд, ки ин ба зебоии саҳни донишгоҳ боз як таровати тоза бахшид. Бояд зикр кард, ки гулу дарахтон чун организми зинда ҳамеша ба парваришу нигоҳубин ниёз доранд. Ҳарчанд, зарфи чанд соли охир раёсати донишгоҳ барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани саҳни биноҳои таълимӣ ва роҳравҳои дохилу беруни донишгоҳ тадбирҳои зиёди судманд андешида бошад ҳам, вале боз ҳам лозим меояд, ки мо инсонҳо ҳамеша аз ҳоли гулу буттаву дарахтон бохабар бошем, бехи онҳоро нарм созем, аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза кунем. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зери роҳбарии Нуъмонҷон Ғаффорӣ-ректори донишгоҳ тасмим дорад, ки чунин рӯзҳои поккориро барои ободониву гулгулшукуфии ватани азизамон Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ҳамеша ба роҳ монад.

Суратгузориш аз рафти баргузории шанбегӣ