Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

Хабари рӯз 22 Сентября 2020

Имрӯз яке аз шахсиятҳои шинохтаи илми таърихшиносии кишвар, доктори илмҳои таърих, профессор, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода мавлуд доранд.

Субҳи имрӯз ҳайати устодону кормандони донишгоҳ хосатан, муовинони ректор, муовини аввали ректор фолклоршинос, н.и.ф. дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович аз номи ҳамаи муовинони ректор устоди азизро таҳнияту муборакбод намуд.

Сардорони раёсати таълим, раёсати илм ва инноватсия, шӯрои деканҳо ва роҳбарони дигар зерсохторҳои донишгоҳ низ устоди гиромиқадрро бад-ин муносибат табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, умри дароз, рӯзгори неку осоишта, бахту иқболи ҷовид ва сарбаландиву хонаободиро таманно намуданд. Дар ин раванд, аз номи Шӯрои деканони факултетҳо Мадатзода Манзура Тоҷиддин дар ҳошияи таманниёти худ аз хислатҳои неки инсонии устод ёдовар шуда, сарварии чунин як роҳбари мушфиқу меҳрубон, инсондӯсту инсонпарвар ва хосору фурӯтанро ифтихори кулли кормандони донишгоҳ арзёбӣ намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки саҳми устод Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода дар рушди илми ватанӣ ва тарбияи мутахассисони илмиву касбӣ хеле назаррас мебошад. Устод дар тӯли фаъолияти кории хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор дар макотиби олии кишвар, ба мустақкам кардани мавқеи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда доранд.   

Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед, муҳтарам ректори гиромиқадр Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода!

 

Чаман бархез, дилу дилдорӣ омӯз,

Сабо аз чашми мо бедорӣ омӯз.

Талоши тиннати некиву покӣ,

Бирав, биншину аз Ғаффорӣ омӯз.

                                                                   

Ҳамеша нахли гавҳарбор бошӣ,

Чунин хушгӯву хушрафтор бошӣ.

Ба бахти мо дусад асри дигар ҳам,

Бад-ин ғамхорият, Ректор бошӣ!