ТАЪЛИМ

ТАЪЛИМ

KosimiS.jpg

Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович,

Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович 07.07.1969 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Номзади илмҳои филология, дотсент. Солҳои 1992-1993 дар вазифаи лаборанти кафедраи усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 1993-1994 ҳамчун шогирд-тадқиқотчӣ дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият намуда, аз соли 1994 то соли 1997 дар аспирантураи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, кафедраи адабиёти тоҷик таҳсил кардааст. Солҳои 1997-2004 ба ҳайси омӯзгори калон дар кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2004 - 2006 дар кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ и.в. дотсенти кафедра буд.  Аз соли 1996 то 2000 ҷонишини декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба тарбия ва аз соли 2000 то 2005 ҳамчун ҷонишини декани ҳамин факултет оид ба таълим фаъолияти меҳнатӣ кардааст. Солҳои 2005-2007 декани факултет ва солҳои 2007-2008 ҷонишини декани факултети филологияи тоҷики ҳамин донишгоҳ оид ба таълим буд. Аз 30.01.2008 то 17.11.2008 ёрдамчии ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва солҳои 2008-2013 ёрдамчии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2013-2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Аз соли 2014 то 2017 Қосимов С. А. ёрдамчии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Баъдан аз 20.03.2017 то 30.10.2017 директори МД Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 то ҳол муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои таълимӣ шуда кор мекунад.