Маркази тестӣ

Маркази тестӣ

Маркази тестии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Фаъолияти пешинаи Маркази тестӣ дар якҷоягӣ бо собиқ Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, Бахши танзими тестҳо ба роҳ монда шуда буд, ки роҳбарияти онро ин нафарон бар ӯҳда доштанд:

1.     Исроилов Сайфиддин (2007-2008)

2.     Пирназаров И. (2008-2011)

3.     Сайёдов Эмомалӣ (2011-2012)

4.     Аминов Искандар (2012-2014)

5.     Файзуллоев Абдулло (2014-2015)

6.      Муминов Икром (2012-2018) роҳбари Бахши танзими тестҳо

7.      Сулаймонов Искандар (2015-2016)

8.      Шерматов Баҳром (2016-2017)

9.      Сулаймонов Искандар (2017-2018)

10.   Самиев Толиб (2018)

11.   Бердиёров Довуд (аз 2018 то 31 марти 2020)

 Маркази тестии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мувофиқи номи имрӯзинааш, санаи 28-уми августи соли 2018 таъсис гардида, дар тӯли фаъолияти хеш дар тайёр намудани мутахассисону омӯзгорони дорои маълумоти олии педагогии баландихтисос, нақши муҳим гузоштааст. Маркази тестӣ имрӯз, аз роҳбар, як муовин ва 10 сармутахассис-танзимгар иборат буда, дар навбати худ дорои ду маркази қабули имтиҳонии 1 ва 2 бо фарогирии 170 компютер, ҳамзамон, 10 синфхонаи дигар бо теъдоди 277 компютер муҷаҳҳаз мебошад, ки дар як рӯз аз рӯи талаботи низомномаи супоридани имтиҳонот имконияти қабули 3576 ҳолати имтиҳониро дорад.

Маркази тестӣ дар ҳар ду нимсола аз рӯи 1286 фанни таълимӣ ба қабули имтиҳонот омодагӣ мебинад ва то теъдоди қабули имтиҳони 20000 нафар донишҷӯро пешбинӣ намудааст.

Маркази тестӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи гузаронидани сессияи санҷишу имтиҳонот», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи Низомномаи мактаби олӣ, Низомномаи Маркази тестӣ, фармонҳо, дастурҳо ва мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои ректору ҷонишинони он, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, раёсати донишгоҳ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Фаъолияти Маркази тестӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи шаффофияти имтиҳонсупорӣ, баррасии аризаҳои апеллиятсионӣ, баргузории сессияҳои фаъолу иловагӣ, мониторингҳои навбатӣ нақши муҳимро бозида истодааст.

Маркази тестӣ аз рӯи чунин раҳнамоҳои зарурӣ фаъолият дорад:

1.     Низомномаи Маркази тестӣ

2.     Дастурамали вазифавии кормандон

3.     Нақшаи кории солонаи марказ

4.     Тақвими академӣ

5.     “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот” нашри соли 2014

Маркази тестӣ имрӯз, аз рӯи 4 типи саволнома, ду категория ва фарогирии матритсаи фаннҳои таълимӣ қабули имтиҳонотро ба роҳ мондааст, ки барои ба муваффақият расидани марказ саҳми устодони донишгоҳ Салимӣ Н.Ю., Самиев Б.Ҷ., Сулаймонов И.О., М. Махкамов, М. Шарипов, У.Умаров, Ш.Содиқов, З.Нурова., Шакарбеков Ғ., М.Ҷумъаев, Д.М.Бердиёров., А.Ёров, Ф.Файзуллоев ва дигарон басо наззаррас мебошад.

Маркази тестӣ дар оянда тасмим дорад, ки барои роҳандозӣ намудани савономаҳои имтиҳонӣ, аз қабили видеороликҳо ва намунаҳои нави дигар корбурд намояд. Айнӣ ҳол, сарварии Маркази тестиро Хидиров Улуғбек Одилхонович бар ӯҳда дорад.