Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

    Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои муҳими донишгоҳ ба ҳисоб рафта, раванди фаъолияти он тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин низом, хусусан “Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ” ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона буда, раванди таълим дар ин бо истифодаи васоиту технологияҳои иттилоотӣ ва дар асоси шабакаи ИНТЕРНЕТ ба танзим дароварда шудааст. Фарқияти таҳсилоти фосилавӣ аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки пешниҳоди маводи таълимӣ, муносибати байни омӯзгор ва донишҷӯён ба воситаи кабинети инфиродии донишҷӯ ва кабинети инфиродии омӯзгор (машварат семинарҳо дар режими оnline) тавассути ИНТЕРНЕТ амалӣ карда мешавад.

     Раванди таълим тариқи низоми фосилавӣ ба воситаи портали омӯзишӣ fosilavi.tgpu.tj ба роҳ монда шудааст. Портали мазкур ба низоми муайяннамуда ва ягонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, ҳам тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва ҳам тариқи шабакаи дохилии доимомалкунандаи донишгоҳӣ фаъолият мекунад. 

        Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ раванди таълимро тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълим дар масофаи дур бидуни ширкати воқеии омӯзгор ва донишҷӯён амалӣ мегардад, имконпазир мегардонад. Омӯзгорон  имкон доранд, ки бо донишҷӯён бо истифодаи низоми таҳсилоти фосилавӣ форум (рӯзҳои қабули оnline) ташкил намоянд.Фаъолияти низоми мазкур шаффоф буда, маводи таълимӣ ба донишҷӯён ҳамеша дастрас мебошад.

          Донишҷӯён имконият доранд, ки дар муддати як нимсола ду маротиба   тариқи оnline рейтинг супоранд. Дар вақти  ворид шудан ба низоми таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш ворид гардида, имкон дорад, ки маводи дарсиро аз худ намуда, ба рейтингҳо омодагӣ пайдо кунад.

        Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

А) алоқаи доимӣ бо омӯзгор, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифода аз воситаҳои телекоммуникатсионӣ (кабинети инфиродии донишҷӯ,тариқи шабакаи skype ва ғайра);

   Б) имконияти ташкили мусоҳиба, форумҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вақти омӯзиши курс ба таври мунтазам;

    В) дастрасӣ ба маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар кабинети инфиродӣ (слайдҳо, презентатсияҳои садоӣ, видеофрагментҳои дарсӣ)

     Г) истифода бурдани китобхонаи электронӣ;

     Д) шинос шудан бо нақшаи фардии таҳсил;

      Е)муайян намудани холҳо аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта;