Мудир

Салимов Ҳабиб

мудири Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

(+ 992) 555-555-699

Салимов Ҳабиб Ашурович 17 декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 2005 мактаби миёнаро хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2005 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда,  онро соли 2010 бо ихтисоси муҳандис-барномасоз бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 2012 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти хешро ба ҳайси сармутахассиси Бахши тестӣ оғоз намуда, сипас соли 2014 роҳбари Бахши серверии донишгоҳи мазкур таъйин шудааст.Минбаъд соли 2017 ба вазифаи сармутахассиси Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъйин гардида ва аз соли 2018 то инҷониб вазифаи мудири Шуъбаи таҳсилоти фосилавиро ба уҳда дорад.

Салимов Ҳ. А. Дар давоми фаъолияти хеш ҳамеша сазовори таҳсини роҳбарияти донишгоҳ қарор гирифта, бо сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.