Таърихи донишгоҳ

Дар бораи донишгоҳ

Таърихи донишгоҳ (мухтасар) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани мутахассисони илмию омӯзгорӣ саҳми бузург гузоштааст. Соли 2011 ин кохи маърифати ҷумҳурӣ ҳаштодсола шуд.

Нахустин мактаби олии Тоҷикистон бо номи Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС 18-уми июли соли 1931 дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт ва адабиёту забоншиносии факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Тибқи қарори мазкур аз ҳайати ин донишгоҳ 195 нафар донишҷӯён ва 29 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 4 профессор, 8 дотсент ва 16 ассистент ба донишкадаи навтаъсис гузаронида шуданд.

Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик фаъолияти худро дар шаҳри Тошканд оғоз намуд. 6-уми ноябри соли 1931 бо қарори мушовараи Комиссариати халқии маориф Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик ба Комбинати таълимии агропедагогӣ табдил ёфт, ки он донишкадаи педагогӣ, омӯзишгоҳи педагогии Тошканд ва курсҳои кӯтоҳмуддати тайёркунии ташкилотчиён ва методистони дараҷаи ноҳиявии маорифи халқро дар ихтиёр дошт. Тибқи ин дигаргунсозӣ донишкада на танҳо ба тайёр намудани омӯзгорони мактаб машғул мешуд, инчунин ба ҳайси маркази баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорони муассисаҳои махсуси миёнаи касбӣ низ амал мекард…
Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ Суроға: 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 Телефон: (+992 37) 224-89-93  Сомона: www.tgpu.tj; E-mail: info@tgpu.tj

Арзиши мо

- Такя ба сифат, инноватсия ва таҷрибаи илмию техникӣ
- Мо мекӯшем, ки як раҳбари бозор дар соҳаи технологияҳои андозагирии андозагирӣ бошем
- Барои оптимизатсияи истеҳсолот татбиқ карда мешавад.

Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор

Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода 22-юми сентябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ. Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Маълумоташ олӣ. Оиладор. Аз соли 1990 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси муҳаққиқ-коромўзи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба фаъолият шурўъ менамояд. Солҳои 1991-1994 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил кардааст. Солҳои 1994-2006 ба ҳайси ассистент ва сармуаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, мудири сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти илмию омўзгорӣ намудааст. Тайи солҳои 2006-2007 ба сифати танзимгари Маркази илмӣ-тадқиқотии Шарқ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад. Солҳои 2007-2009 ба вазифаи мудири шуъбаи интишории Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Аз моҳи ноябри соли 2009 то моҳи ноябри соли 2012 докторанти шуъбаи рўзонаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Давоми солҳои 2012-2017 дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия, мудири шуъбаи аспирантура ва докторантура, профессори кафедраи таърих ва филология, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 1-уми сентябри 2017 фаъолияти хешро дар ДДҲБСТ ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик идома бахшида, солҳои 2017-2019 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият менамояд. Соли 1999 дар мавзӯи «Фаъолияти фарҳангӣ-маорифпарварии ҷадидон дар аморати Бухоро (ибтидои асри ХХ)» рисолаи номзадӣ ва соли 2014 дар мавзўи «Ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ғаффорӣ Н.У. тўли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеъи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад. Мавсуф узви Шўроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рўи равияҳои таърихи ватанӣ, таърихи умумӣ, таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад. Дастовардҳои илмияш аз 4 монография, 4 брошураи илмӣ, 3 китоби илмӣ-оммавӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ иборат мебошад. Ғаффорӣ Н.У. аз 5-уми феврали соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид.

Саҳифаи ректор

Донишгоҳ имрӯз:

50000

Студентхо

600

Хатмкунандашгон

50

Устодон

60

Программ

Хадамоти донишгоҳ

Ташкилотҳои тавсияшуда